- асп
- [اسپ]1. чорпои хонагӣ, сумдори саворӣ ва боркаш; аспи бидав аспи даванда; аспи бодпой аспи тезрав; аспи боркаш аспе, ки бо он бор мекашанд; аспи бузкашӣ // аспи кӯпкоригӣ аспи махсуси мусобиқаи бузкашӣ; аспи даврӣ аспе, ки дар муддати муайян савор мешаванд; аспи етакӣ аспе, ки аз лаҷомаш гирифта аз паси худ мебаранд; аспи лақай як зоти асп аст, ки дар Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ парвариш меёбад; аспи маст аспи саркаш; аспи раҳдор аспи рафтораш мӯътадил, аспи хушрафтор; аспи саманд а) аспи зардранг; б) аспи даванд; аспи сиёҳмушкин аспи сиёҳранг; аспи саворӣ асп барои саворшавӣ; аспи тозӣ а) аспи арабизот; б) аспи тезрав; аспи тӯруқ аспи ҷигариранги хушсурат; аспи харос аспи ҷувозкашӣ; асп давонидан асп тохтан, асп рондан2. варз. мӯҳраи аспшакл дар бозии шоҳмот3. паҳлуи чуқурчаноки буҷул, ки дар буҷулбозӣ бурдро ифода мекунад◊ аз асп фурояд ҳам, аз узангу намефурояд мавқеи пештараашро аз даст дода бошад ҳам, калонигариро тарк карданӣ нест; ба аспи нағз як қамчин, ба аспи бад сад қамчин (зарб.) ба одами нағз як даҳан гап кофӣ бошад, ба одами бад гапи бисёр ҳам таъсир намекунад; ба асп наъл зананд, қурбоққа ҳам пояшро бардоштааст (мақ.) дар мавриди имконияти худро ба ҳисоб нагирифта, кӯркӯрона тақлид кардан гуфта мешавад
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.